Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд

Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду кишвар арзёбӣ намуданд.

«Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушод  муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатамонро бо кишварҳои дигар барқарор ва мустаҳкам намудааст.  Рушди муносибатҳо миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таърихӣ, ояндаи дурахшон дорад ва ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Мо умедворем, ки аз ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Россия каме ҳам бошад, баҳра мебардоред ва итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, бо ҳунари волои худ табъи шуморо болида мегардонанд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки фазои фарҳангии кишварамон ҳамеша рангин  аст», — гуфт муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён.
Ҳайати 54 нафараи  ҳунармандони рус  дар Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунару маҳорати хешро баҳри ҳаводорону мухлисони тоҷик пешниҳод намоянд.

Дар  ин шом ҳаваскорони Театри давлатии академии рақсии Москва «Гжел» иборат аз 54 нафар барномаи рақсии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардониданд. Инчунин аз ҷониби ҳунармандони Федератсияи Россия рақси тоҷикӣ бо маҳорати баланд иҷро гардид, ки аз ҷониби меҳмонони бо  хушҳолӣ ва қарсакҳои бардавом қабул гардид. 
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Абдуллоев дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «баргузори Рӯзҳои фарҳангӣ замина барои боз ҳам ошноӣ пайдо намудан аз фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба намудан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад. Дар баробари баргузории  Рӯзҳои фарҳангӣ, инчунин дар бештар  теартҳои тоҷик табодули таҷриба миёни ҳунармандони театрҳои Россия ва Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд».

Бояд гуфт, ки 21 июн бахшида ба оғози Рӯзҳои фарҳанги дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россия таҳти унвони «Вологодская кружево» баргузор гардид.

Ҳамчунин ҳунармандони Федератсияи Россия аз 26 ва 27 июни соли равон ба шаҳри Норак, НБО –и «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара сафар намуда,  аз ҷониби  ҳунармандони рус  дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ  баргузор мегардад. Инчунин меҳмонон аз  «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахтИ тоҷикистон  боздид менамоянд.

Маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузори намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва арғумонҳои миллӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир мегардад.

Акс аз хазина

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE