Симпозиуми байналмилалии «Саразм оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500- солагии шаҳри Саразми бостон таҳти унвони «Саразм оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» Симпозиуми байналмилалӣ ба кори худ идома бахшид. Дар кори Симпозиум намояндагони Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, роҳбарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишмандони маъруфи бостоншинос аз саросари кишвар ва хориҷи мамлакат иштирок доранд.

Кори ин Симпозиуми байналмилалиро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, иштирокчиёни ин ҳамоиши бузурги илмиро ба зодгоҳи Асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик, Одамушшуаро, Абуабдулло Рўдакӣ хушомадед гуфт. Дар ҳамоиш нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сухан баромада, иброз дошт, ки арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар шароити кунунӣ аз ҳадафҳои муҳими ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҷлилу бузургдошти санаҳои муҳими таърихӣ ва ёдоварӣ аз абармардони миллат маҳз дар ҳамин замина роҳандозӣ мешаванд. Иштирокчиёни дигари ҳамоиш иброз доштанд, ки таҷлили 5500 – солгаии Саразм, аз як тараф фарҳангу тамаддуни бостонии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад, аз ҷониби дигар он таърихи куҳан доштани тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ исбот мекунад. Шералӣ Хоҷаев – масъули Вазорати фарҳанги кишвар дар ин хусус чунин ибрози назар дорад: «Баргузории 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ин як далели раднопазир ба кулли ҷаҳониён, ҷиҳати таъриху тамаддуни бостонӣ доштанӣ миллати сарвфарози тоҷикро боз нишон медиҳад».
Ба таъкиди масъули Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Маҳмадов қаламрави кишвари мо аз он гўшаҳои бостонии дунё ба шумор меравад, ки дар гузашта дар ҳудуди он тамаддунҳои зиёде шакл гирифтаву рушд кардаанд. Бешубҳа ёдоварӣ аз чунин фарҳанги қадима ва таҷлилу бузугдошти онҳо дар худшиносиву худогоҳии мардум таъсири мусбат хоҳад гузошт. Абдураҳмон Маҳмадов мегўяд, ки «дар воқеъ сарзамини мо сарзамине ҳаст, ки дар ин ҷо тамаддунҳои зиёде ҷойгир шудаанд ва имрўз бедор кардани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин барои рушду инкишофи ҷомеаи нав аст».
Бузургдошти таъриху тамаддуни 5500-солаи Саразм дар кишвари мо барои соҳибназарону донишмандони хориҷӣ низ мароқангез будааст. Ҳамин аст, ки меҳмонони хориҷии Симпозиуми байналмилалии «Саразм оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» аз иштироки худ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ хушҳолӣ мекунанд ва тамаддуни қадимаи тоҷикон, аз ҷумла Саразмро ҷузъе аз фарҳанги беназири башарият арзёбӣ менамоянд. Ба назари Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх таҷлили ин санаи муҳими таърихирӣ боиси ифтихори натанҳо тоҷикон, балки тамоми форсизабонон дунё мебошад. «Имрўз хушҳол ҳастам, ки дар ҷашнвораи 5500-солагии Саразм иштирок мекунам. Воқеан ин соҳа яке аз соҳоти обидоти таърихии дунё ҳаст, ки ба тамоми ҷаҳонӣ башарият иртибот дорад. Ифтихори ин санаи таърихӣ иртибот мегирад ба тоҷикон ва форсизабонони тамоми дунё, ки марбут ба инҳо мешавад».
Барои донишмандони Осиёи Марказӣ бошад мавҷудияти ин ёдгории муҳими таърихӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки ҷузъе аз ин минтақаи бузурги олам мебошад, боиси ифтихори тамоми миллатҳои ин гўшаи ҷаҳон будааст.
Ба таъкиди бостоншиносон Саразм ягона ёдгории аҳди эниолит ва ибтидои асри биринҷ дар Вароруд буда, ба миёнаҳои ҳазораи 4 ибтидои ҳазораи сеи то милод мансуб аст. Таърихшиносон изҳор медоранд, ки маҳз дар ҳамин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон оғоз гардидааст. Бо назардошти ҳамин аҳамияти баланди таърихиву фарҳангиаш Саразм ба Рўйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020 – 2021 шомил гардидааст.

Бахтиёр Зоириён

муовини сармуҳаррири

шабакаи “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE