ВМКБ: Барои 500 нафар кӯдакону наврасон лагерҳои фароғатию таълимӣ ташкил шудааст
Истироҳатгоҳҳои фароғатию таълимии назди Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагӣ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарҳои худро ба рӯи кӯдакону наврасон боз намуданд. Дар баробари бозиҳои варзишӣ ба истироҳаткунандагон ҳамарӯза намоиши филмҳои кутоҳи ҳуҷҷатию бадеӣ аз ҳаёти кӯдакон, барномаҳои консертӣ, озмуну викторинаҳо, маҳфилҳои шоҳмоту расмкашӣ баргузор мекунанд. Ҳоло дар ин истироҳатгоҳҳо зиёда аз 200 нафар таҳсилу истироҳат мекунанд.
Дар назди марказ айни ҳол чор шуъба ва 48 маҳфил бо фарогирии беш аз 1200 нафар хонанда амал мекунанд. “Бо мақсади хушу гуворо ва самараноку фоидабхаш пушти сар кардани рӯзҳои таътил ҳамасола Маркази таҳсилоти иловагӣ барои хонандагон лагерҳои фароғатию таълимӣ ташкил мекунад. Дар баробари фароғат дар ин ҷо ба рушди зеҳнию маърифатӣ, эҷодкорию навоварии кӯдакону наврасон низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Як гурӯҳи ҳунармандони наврас чанд рӯз боз дар боғчаи назди марказ саҳначаеро аз ҳаёти ҳайвонот барои намоиш омода месозанд”,-афзуд сардори маркази мазкур.
Номбурда тазаккур дод, ки “саҳнача аз панду ҳикматҳои ҷолиб, имову ишораҳои шавқовар иборат аст ва дорои ҷанбаҳои гуногуни тарбиявӣ мебошад. Кӯдакон талош меварзанд, ки нақшҳои худро табиӣ, шавқангез ва муассир иҷро намоянд. Зеро қарор аст, ки дар намоиши ин саҳнача меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ ва аҳли оилаашон низ ширкат варзанд. Ин саҳнача ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист бахшида шудааст. Зеро мавзӯи ҳифзи муҳити зист яке аз мавзӯъҳои муҳими замони муосир аст ва насли имрӯз барои муҳофизати олами набототу ҳайвонот дар оянда масъул хоҳад буд. Аз ин рӯ мо кушиш мекунем, ки ҳар яке аз инҳо аз хурдсолӣ дар бораи муҳити зист ва чӣ гуна поку тамиз нигоҳ доштани он маълумоти кофӣ дошта бошанд”.
Як гурӯҳи дигар ҳоло дар синфхона ба мутолиаи ҳикояҳои кӯтоҳи бадеӣ машғул мебошанд. Пас аз мутолиаи ҳикоя ҳар яке аз кӯдакон мазмуну моҳияти онро бо дигарон шарик месозад ва байни худ оид ба қаҳрамонони мусбию манфии ҳикоя баҳсу мунозира баргузор мекунанд. Ба бозии шоҳмот низ кӯдакон майлу рағбати зиёд доранд.
Ногуфта намонад, ки дар байни ин шоҳмотбозони наврас ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ низ ҳузур доранд. Яке аз онҳо хонандаи синфи шаши литсеи Оғохон Султонназар Худоназаров аст, ки дар кишвари Амрико, дар як мусобиқаи байналмилалӣ мақоми саввумро ишғол кард. Маҳбатшоҳзода Замир бошад, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷои дуюм гирифт ва ҳоло ин ду шоҳмотбоз баъзе аз тарзу усулҳои ин риштаи варзишро ба ҳамсолони худ ёд медиҳад.
Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят шуъбаҳои «Чароғи маърифат», ҳамчунин «Сайёҳӣ», «Ихтирокорони наврас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» амал мекунад, ки ҳар яке аз инҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳои мавсимӣ роҳандозӣ намуда, барои ҷолибу шавқовар ва манфиатбахш сипарӣ намудани таътили тобистона саъю талош мекунанд.