Ифтитоҳи бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ дар вилояти Суғд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад.

Иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино бошад, озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супорида, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шуданашон таҳният гуфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини шароити арзандаи кору хизмат ва зисту зиндагонии кормандони сохторҳои қудратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои мукаммал намудани воҳидҳои сохторию низомии он бо техникаю таҷҳизот пайваста чораҳои заруриро амалӣ менамояд, то амнияту осоиштагии сокинон таъмин карда шавад.

Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист муҳайё аст.

Ҳамчунин бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, барои дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити арзандаи зист ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Саҳн ва атрофи бинои истиқоматӣ сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE