Татбиқи ташаббуси Пешвои миллат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар доираи СҲШ

Ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба таъсиси механизми нави ҳамкорӣ  дар соҳаи саноат дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имрӯз бо баргузории ҷаласаи якуми вазирони саноати давлатҳои узви Созмон тариқи видеоконфронс таҳти раисии  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир амалӣ гардид.

Дар видеоконфронс роҳбарони вазорату идораҳои соҳаи саноати кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Котиби Вазорати саноати вазнини Ҳиндустон Аргун Гёл, муовини Вазири саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Динара Шеглова, муовини Вазири саноат ва иттилоотонии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсзянпин, муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Дегенбаев, Вазири федералии саноат ва истеҳсолоти Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Бухтиар, Вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Денис Мантуров, муовини Вазири рушди иқтисод ва коҳиш додани камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Абдиназаров, ичунин бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Файзи Гуриёни иштирок намуданд.

Дар рафти суханрониҳо иштирокчиён оид ба иқтидорҳо ва имконияти саноатии кишварҳои худ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нав ба иштирокчиён оид ба имконият ва иқтидорҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардида, иттилоъ дода шуд, ки агар дар соли 2020 суръати афзоиши рушди соҳаи саноат дар кишвар 109,7 фоизро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда танҳо  дар 6 моҳи соли 2021 ба 123,4% баробар гардид.

Тазаккур бояд дод, ки ҷаласаи мазкур дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ки дар соли 2021 бо шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ» баргузор гардид, доир шуда, дар он бори дигар бо такя ба пешоҳангии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умдаи минтақавӣ ташаббуси навбатии кишвар бо ҷонибдории тамоми иштирокчиён пазируфта шуд.

Дар доираи ҷаласа инчунин ташаббусҳои ҷолиби Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла таъсиси Бонки лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи саноат ва гузаронидани намоишгоҳҳои муаррифи иқтидорҳои соҳаи саноати кишварҳои аъзои СҲШ бо як овоз ҷонибдорӣ ёфт. Баъд аз хотимаи ҷаласаи нахустини вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ Протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд ва ҷонибҳо барои доимӣ гузаронидани ҷаласаҳо дар оянда ҳамонҳангии худро иброз намуданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ барои ширкати фаъол ва дастгирии ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба соҳаи саноат изҳори сипос намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE