Ҳайати олимпии Тоҷикистон ба шаҳри Токио расид
Ҳайати олимпии Тоҷикистон шоми 20 июл ба шаҳри Токио расид ва аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар Деҳаи олимпии Тоҷикистон ҷобаҷо карданд.
21 июл парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпӣ парафшон карда шуда, варзишгарон ва мураббиён аз ташхиси COVID-19 гузаштанд, ки натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ буд. Онҳо аллакай дар Деҳаи олимпӣ ба тамрин шурӯъ кардаанд.
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хостанд.
Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, хона туҳфа карда мешавад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад.
Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.
32-юмин Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Токиои Ҷопон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад. Дар бозиҳо ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 23 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ширкат мекунанд.
Маросими кушодашавии бозиҳо шоми 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио сурат мегирад. Онро метавон имрӯз соати 16:00 тариқи Телевизиони “Варзиш” ба тави мустақим тамошо кард.