“Apple” ба Тоҷикистон андоз парохт кард

Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited», ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамояд, 16 июл нахустин шуда, барои семоҳаҳои I ва II соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуд.  Дар ин бора аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз» аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

Бо ин мақсадҳо имсол аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 18 адад ширкат ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ба қайд гирифта шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE