Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва қутоспарварии деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад. Парвариши қутос дар ноҳияи Айнӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2008 ба роҳ монда шуда, саршумори он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 ҳазору 85 сар расонда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия 12 хоҷагӣ ба парвариши қутос машғул буда, давоми солҳои охир аҳолӣ низ барои рушди ин соҳаи сердаромаду камхарҷ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Дар асоси «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» корҳои хушзоткунии қутос ҷараён гирифта, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Аслиддинов ва «Русия»-и ноҳияи Айнӣ пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши саршумори қутос ва ҳифзи ҳайвоноти нодир, зиёд намудани майдони гиёҳҳои шифобахш ба масъулони хоҷагии ҷангал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, табиати ноҳияи Айнӣ, хусусан водии Яғноб ва Фон барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши қутос бисёр мувофиқ буда, бо ин роҳ метавон бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” маълум гардид, ки соли равон дар мавзеи Шаббодаи деҳаи Анзоб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муртазо Қосимов ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда шудааст. Масоҳати умумии ҳавзҳо 0,35 гектар буда, айни замон дар он зиёда аз 5 ҳазор гулмоҳӣ, амури сафед ва амури пешониғафс парвариш карда мешаванд, ки ба таъкиди хоҷагидорон, амалӣ намудани ин иқдом дар рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти парҳезӣ мусоидат менамояд.

Соҳибкорон нақша доранд, ки оянда дар ин ҷо боз 10 ҳавзи дигар бунёд намуда, парвариши моҳиро ба 10 ҳазор расонанд. Дар ин мавзеи хушобу ҳавои деҳаи Анзоб бунёди коргоҳи банду басти моҳӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил сабаби бо ҷойи кор таъмин шудани сокинони маҳаллӣ ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки то бунёди ҳавзҳо хоҷагидорон дар қитъаҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа парвариши дигар намуди моҳиро ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, дар рушди ин бахши сердаромад саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бо ин роҳ метавон дар ин минтақа саёҳати экологиро густариш бахшид. Зеро ҳамасола ба ин мавзеъ сайёҳони зиёди хориҷию дохилӣ ташриф меоранд.

Хоҷагидорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” дар мавзеи Шаббода ҳамчунин ба хотири таъмини бозори дохилӣ бо асали хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариши занбӯрро ба роҳ монда, дар майдони 50 садяк замин боғи себ низ бунёд кардаанд.

Аснои шиносоӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки шуғли асосии сокинони деҳоти Анзоб боғдорию чорвопарварӣ буда, саҳми онҳо дар фаровонии бозор назаррас аст. Дар ин ҷо маҳсулоти гуногун, аз қабили шир, ҷурғот, қаймоқ, равғани зард, сари шир, қурут, нонҳои хурду калон ва меваҳои шаҳбор ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳама дастранҷи сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат мебошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE