Хатлон: Оғози даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
26 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иштироки 472 нафар довлалаб оғоз гардид, ки то 31 июл идома меёбад.
Озмуни мазкур тибқи низомнома ҷараён дошта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Тибқи тартиби низомнома, корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидаанд. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро амалӣ намудааст.
Баъд аз ҷамъбасти даври дуюм ҳуҷҷатҳои ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябри соли равон муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҷараёни даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Дар ин сол барои баргузории озмуни мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.