Хониши сиёсӣ дар Кумитаи телевизион ва радио
Дар толори МД “Академияи ВАО” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо” хониши сиёсӣ дар мавзўи “Истиқлоли давлатӣ ва муҳиммияти он” гузаронида шуд, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио иштирок карданд.
Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон проффесор Абдураҳим Холиқзода дар мавзўи “Истиқлоли давлатӣ ва муҳиммияти он” маърўза кард. Номбурда таъкид намуд, ки “Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлоли давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст.
Боиси ифтихор аст, ки имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сокинони Тоҷикистон дар муддати 30 соли сипаригардида мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузашта, ниҳоятан ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд, зеро мардуми Тоҷикистон барои расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатию сиёсӣ муборизаи тўлонӣ бурдааст. Хушбахтона, тўли 30 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрўз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми мамлакат мебошанд. Аммо фаромўш набояд кард, ки ба даст овардан, ҳифз намудан ва таҳким бахшидани пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд имконпазир гардидааст”.
Дар охир, иштирокдорони хониши сиёсӣ ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”
Акс аз ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём”