Харбуза – меваи полезӣ

Харбуза меваи полезиест, ки дар заминхои  полезӣ рӯёнда мешавад ва он ба чанд намуд ҷудо мешавад. Харбузаро дар фасли зимистон низ истифода мебаранд. Намудҳои харбуза дар Тоҷикистон авазчони, андархоми, арконӣ, аробакаш, гулобӣ, даҳбедӣ, зарметанӣ ва бекзод мебошанд.

Харбуза як намуди меъваи полизӣ аз оилаи кадугиҳо буда, ба меъваҷоти бодарингшакл шомил мебошад. Харбуза гарчанде дар кулли кишварҳои гарм рӯяд ҳам, вале ватанаш асосан Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва Афғонистон мебошад. Табиатан харбуза меъваи рушанӣ ва гармиро дустдоранда мебошад ва дар заминҳои хушк, тасфон, ва шур пуртоқат аст. Дар ин радиф бояд гуфт ки гарчанде харбуза аз сероби хеле калон шавад ҳам вале намиро дуст намедорад.

Аз як буттаи харбуза одатан аз 2 то 10 дона харбуза ки вазнашон 2-10 килограмро ташкил менамояд ҳосил гирифта мешавад. Аз як гектар замини ин намуди полизидошта то 50 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Харбуза худ растании яксола буда ҳар сол у аз сари нав аз донааш меруяд. Ҳосили харбуза аз меъваи тақрибан 5-10 килограма ки дарозиаш аз 30 см. то 150 см. ва бараш аз 20 то 60 см-ро ташкил мекунад. Харбуза дар шакл асосан дарозак мисли тухми мурғ мешавад вале намудҳои куррашакли он ҳам ҳастанд, ки ба туп монанди доранд, ки ранги сабз, зард, сафедча ва малла доранд.  Харбузаро асосан дар Тоҷикистон аз моҳи март то июн корида дар моҳҳои июн то сентябр ҳосилгирӣ менамоянд ки давраи пухатаншон 2-6 моҳро вобаста ба намуд ва маконашон ташкил менамоянд.

Таърихи харбуза зиёда аз ҳазорсоларо ташкил намуда дар таҷриба қариб ки шакли ёбоии он во намехурад. Дар китобҳои қадима бахусус дар китоби Инҷил дар бораи харбуза қайд карда гузашта шудааст. Мардуми осиёи миёна харбузаро бениҳоят дуст медоранд ва онро ба кишварҳои дур ҳамчун намунаи фахри деҳқонии худ барои фуруш ва намоиш равон менамоянд. Тоҷикистонниён харбузаро дар баъзе ҳолатҳо бо нон низ мехуранд, ки бар ивази хурока маънидод карда мешавад. Аз харбуза тоҷикон мураббо низ тайёр менамоянд, ки дар зимистон ба сифати ширинӣ ва маводи табобатӣ истеъмол менамоянд.

Ба андешаи пирон харбуза ин меъваи Биҳишт буда беэҳтиромӣ нисбати он гуноҳ аст ва дуздидани он савоб гуё бошад. Муҳимияти харбузаро Ҳукумати Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна дониста, ҳамасола Иди харбузаро охири тобистон – моҳи август, ҷашн гирифта, намоишу фурӯши онро дар шаҳрҳои калонтарин баргузор менамоянд. Дар ин чорабинӣ садҳо тонна харбуза ва асал барои фурӯш ва намош гузошта мешавад.

Зулайхо САФАРОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE