“Толибон” барои Тоҷикистон чӣ хатар доранд: Андешаҳои Шералӣ Мирзо
Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дирӯз зимни музокирот бо фармондеҳони Русия ва Узбекистон изҳор намуд, ки суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад. Ӯ омилҳои махсуси хатарро барои кишвар аз ҷониби террористони афғон номбар кард, менависад хабаргузории русии Sputnik.
Шералӣ Мирзо ёдовар шуд, ки ҳаракати «Толибон»* аллакай шимол ва шимолу шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт. «Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид», — гуфт вазир.
Ӯ таъкид кард, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд. «Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад», — гуфт Шералӣ Мирзо.
Вазир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа даъват кард, ки бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд. Бо зикри он, ки Тоҷикистон ва Узбекистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд, генерал-полковник Шералӣ Мирзо таъкид намуд, ки неруҳои ду кишвар дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои террористӣ қарор доранд. Ӯ ҳамчунин нақши муҳими Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ро дар таъмини амнияти минтақа таъкид кард.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон музокироти муштарак бо Узбекистон ва Русияро, ки 10 август дар марзи Афғонистон сурат гирифт, муваффақона номида, афзуд, ки ҳамаи вазифаҳои дар назди артиш гузошташуда иҷро гардиданд. Ӯ бар ин бовар аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо қодиранд ба ҳама гуна таҳдид посух диҳанд.
АКС: © Sputnik / Амир Исоев
______________
* Ҳаракати террористии дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ