СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21- март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

   Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  эълон гардиданд.

   Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз ду даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдомро давом дода истодааст. Дар ин муддат дар ҳошияи ташаббусҳои номбурда дар давлатҳои гуногуни дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, платформаҳое ташкил карда шуданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ карда шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои  ҷаҳонӣ то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

      7 ноябри соли 2022 дар давлати Миср Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии пиряхҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла, ба пиряхҳои Тоҷикистон, торафт кам кам гардидани захираҳои оби тоза ва оқибатҳои фалокатовари он ҷалб намуда қайд намуданд, ки “Бо нарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодаи об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад”.

   Умуман, дар сатҳи Замин пиряхҳо зиёда аз 16 млн. км2, яъне қариб 11 % масоҳати хушкиро ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо ба 30млн. км3 баробар аст. Зиёда аз 99 % масоҳати пиряхҳои Замин дар минтақаҳои қутбӣ ҷойгир мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо дар қуллаҳои куҳҳо низ мавҷуданд. Пиряхҳои Тоҷикистон ба ҳамин гуна пиряхҳо мансубанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ҳолати ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях бо масоҳати 8476 км2 мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии ҳамаи онҳо 567 км3- ро ташкил медиҳад. Гарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан даҳяки масоҳати Осиёи Марказиро ташкил диҳад ҳам, дар ҳудуди он қариб аз се ду ҳиссаи ҷараёни тамоми минтақа ташаккул меёбад. Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 13 км3 об медиҳанд, ки он чоряки ҷараёни дарёҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Пиряхҳо на фақат захиракунандаи об, балки танзимкунандаи намӣ низ мебошанд: онҳо тағйирёбии масрафи дарёҳоро танзим намуда, зариби пасту баландшавии ҷараёнро паст мекунанд, ки ин барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоид мебошад.

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии СММ таъкид намуда буданд:  бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст.

        Мувофиқи арзёбии коршиносон, таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар тамоми давраи тадқиқот, сар карда аз соли 1930 (якумин ченкуниҳо бо асбобҳо), тахминан сеяки масоҳати умумии яхбастаи ҷумҳурӣ ихтисор шудааст. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асосии оби дарёҳо ба ҳисоб мераванд, ҳамасола ба ҳисоби миёна 0,6-0,8 % масоҳати яхбаста ва 0,1 % ҳаҷми худро талаф дода истодаанд. Дар тӯли ду-се даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 адад пиряхҳо пурра об шуда, ба нестӣ рафтааст. Аз он ҷумла, пиряхи калонтарини Тоҷикистон ва калонтарин дар ҷаҳон пиряхи кӯҳӣ – пиряхи Федченко, ки дар кӯҳҳои Шимолӣ-ғарбии Помир ҷойгир буда, 77 км дарозӣ, 2 км васеъгии миёна, 5 км васеъгии зиёдтарин дошта, масоҳаташ ба 156 км2 (бо ҳамаи шохаҳояш 824,1 км2) ва ғафсии зиёдтаринаш ба 1 км баробар буда, ҳаҷмаш (бо ҳаҷми шохаҳояш якҷоя) 144 км3 -ро ташкил медиҳад, ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам аз рӯйи масоҳат сол ба сол кам шуда истодааст. Тавре тадқиқотҳои масофавӣ нишон медиҳанд, аз соли 1966 то соли 2000 масоҳати системаи пиряхи Федченко ба миқдори 44 км2 (6 %) ихтисор гаштааст. Тадқиқотҳои яхшиносии тобистони соли 2006 гузаронидашуда нишон доданд, ки дар ҳолати ҳозира ақибнишинии забонаи пиряхи Федченко дар як сол ба 16 м баробар буда, аз солҳои 30- юми асри гузашта, яъне аз давраҳои аввали тадқиқот то имрӯз бештар аз 1 км ақибнишинӣ кардааст. Сатҳи пирях дар қисмати поёнии он нисбат ба сатҳи соли 1980 50м паст гардидааст, яъне дар ин давра пирях таназзул ёфта “хароб” шудааст. Чунин ҳолати таназзулёбӣ дар дигар пиряхҳои Тоҷикистон низ мушоҳида карда мешавад. Мушоҳидаҳои яхшиносони Швейтсария низ нишон медиҳанд, ки пиряхҳои қисмати швейтсарии куҳи Алп бошиддат об шуда, торафт таназзулёбии онҳо афзуда истодааст ва мувофиқи пешгӯйии онҳо баъди 80 сол бештар аз 80 % ҳаҷми ин пиряҳо метавонанд нобуд шаванд.

    Қайд намудан зарур аст, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим бошиддат обшавии пиряхҳо на фақат ҳаҷми захираҳои оби тозаро кам мекунад, балки оқибатҳои бисёр харобиовару ҳузнангез низ дорад. Аз рӯйи маълумотҳои ташкилотҳои гуногуни экспертӣ маълум мегардад, ки дар ҳолати ҳозира дар ҷаҳон 844 миллион нафар одамон ба оби тозаи тозаи ошомиданӣ дарстрасӣ надоранд, 1,8 миллиард нафар аз оби ифлос истеъмол мекунанд ва 2,4 миллиард нафар ба ҳолати беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2050 дар минтақаҳое, ки ба захираҳои обӣ сарбории зиёд аст, 2,3 миллиард нафар зиндагӣ хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат бо зиёдшавии таъдоди аҳолии ҷаҳон ва дар айни замон, камшавии захираҳои оби тоза шароити таъминот бо оби тозаи безараркардашуда ва дастрасӣ ба ҳолати беҳдоштӣ муташанниҷтар хоҳад шуд. Маълум аст, ки ин муаммоҳо ва талабот ба оби тоза дар ҷаҳон барои таъмин намудан ба захираҳои об ва махсусан оби тоза таъсири зиёд мерасонад. Мувофиқи пешгӯйиҳо талабот ба оби тоза то соли 2030 то 50 % зиёд гардида, норасоии захираҳои оби тозаи мавҷудбударо то 40 % мерасонад.

     Ба ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим ба пайдошавии ҳолатҳои фавқулодда, ки ба об марбутанд, ба монанди омадани селу обхезиҳои харобиовар мусоидат мекунад.

       Дар давраи аз соли 2000 то соли 2016 дар натиҷаи селу обхезиҳо 107 ҳазор нафар фавтида, ҳамасола ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ миллионҳо доллари ИМА зиён мерасад. Аз рӯйи арзёбии пешакӣ, то соли 2050 арзиши иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар минтақаи хавфи селу обхезиҳо ҷойгир мешаванд, ба 45 триллион долл. ИМА баробар хоҳанд шуд. Яке аз оқибатҳои харобиовари ҳолатҳои фавқулодда ин вайрону валангор гардидани ҷузъиёти миллии инфрасохтори иқтисодӣ мебошад.

    Дар қисмати Шимолии кураи Замин гармшавии иқлим, ҳарчанде ки баъзе ҷиҳатҳои мусбат ҳам дошта бошад( ба монанди ташкил ва ривоҷ додани истеҳсолоти кишоварзӣ), таъсири манфии он махсусан дар ҳудуди минтақаҳои яхбандии доимӣ бештар аст, ки он ба намуди обшавии пиряхҳои зеризаминӣ зоҳир мегардад: дар натиҷаи он устуворӣ ва эътимоднокии иншооти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ халалдор мегардад.

  Лозим ба таъкид аст, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то ҳоло дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 см боло рафтааст. Таҳқиқоти олимони пажуҳишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муайян кардааст, ки агар чунин ҳолат давом ёбаду пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд гардида, баъзе қисматҳои давлатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об хоҳанд монд. Ин дар ҳоле аст, ки дар сад соли охир ҳарорати миёнаи солона ба 1оС боло рафтааст. Мувофиқи пешгӯйиҳои коршиносон то соли 2050 ҳарорати миёнаи солона метавонад то ба 2,5оС баланд шавад. Дар чунин ҳолат, агар чорабиниҳои зарурӣ андешида нашаванд, тасаввур кардан мумкин ас т, ки дар ояндаи начандон дур сайёраи моро чӣ интизор аст.

      Оқибати тағйирёбии иқлим махсусан ба соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқавории мардуми ҷаҳон  аз ҳамин соҳа вобаста аст, ба намуди зерин зоҳир гардида метавонад: норасоии об барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва обтаъминкунии кишоварзӣ, хушкӣ, шӯршавӣ ва бадшавии ҳолати мелиоративии замин, пастшавии ҳосили зироатҳо бо сабаби шиддатнокии баланди радиатсияи офтоб, гармии аз ҳад зиёд, авҷ гирифтани ҳашаротҳои зараррасон, ки баъзан зироатҳоро пурра нобуд мекунанд ва ғайра, ки чунин ҳолатҳоро дар бисёр манотиқи ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст.

    Обу иқлим ба ҳамдигар таъсири мутақобила доранд. Ташаккулёбӣ ва мавҷудияти об ин худ ба пастшавии ҳарорати наздизаминии ҳаво ва салқин шудани ҳавои атмосфера, сабзу хуррам гардидани муҳити атроф, зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, пешравии истеҳсолоти саноатӣ, энергетика ва билохир, ба беҳтар шудани ҳолати иҷтимоию иқтисодии мардуми сайёра мусоидат менамояд. Дар ҳолати гармшавии иқлим ба таназзулёбии пиряхҳо, камшавии захираҳои оби тоза,  афзоиши селу обхезиҳои харобиовар, биёбоншавӣ, пайдоиши муҳоҷирони экологӣ, вайрон шудани муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии байни ҳамсоякишварҳо, ба амал омадани муноқишаву зиддиятҳо ва ҳатто ҷангҳо байни давлатҳои ҳамсоя барои об ва ғ. оварда мерасонад.

     16 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ба амал овардани платформа барои баррасии масъалаи  ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, яъне “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” соли 2025 дар ш.Душанбе Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронида хоҳад шуд. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чунин чорабинии сатҳи баланд мутасаддиёни соҳа муваззаф карда шуданд.

    Ҳолати бамиёномада талаб менамояд, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мудирияти захираҳои обӣ ва инчунин, ҳифзи пиряхҳо дар кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон, бояд чунин чорабиниҳои фаврӣ андешида шаванд:

– гузаронидани тадқиқот ва мониторинги пиряхҳо;

– маблағгузорӣ кардан барои тадқиқот ва мониторинги пиряхҳо;

– истифодабарии самараноки захираҳои обӣ;

– истифода бурдан аз технология ва техникаҳои инноватсионии обсарфакунанда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;

– гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши обистеъмолкунандагон ва обистифодабарандагон;

– дар амал татбиқ ва маблағгузорӣ намудани ҳама гуна чорабиниҳое, ки барои истифодаи оқилона ва самараноки об, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон   равона карда шудаанд.

   Дар инъикоси саривақтии рӯйдодҳои муҳимтарини кишвар, минтақа ва ҷаҳон, боло бурдани маърифати экологии мардум васоити ахбори омма саҳми муносиб мегузоранд. Ҳайати кормандони радиои “Садои Душанбе” низ тасмим гирифтаанд, дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, маданияти истифодабарии об, муносибати сарфакорона ба об ва дигар сарватҳои табиӣ бо иштироки коршиносон  барномаҳо таҳия намоянд.

          Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”      Ф.Каримзода

           Муҳаррири варзидаи радиои “Садои Душанбе”    Х.Бариев

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE