Милисаҳои Хатлон эм карда шуданд

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи талаботи зиддиэпидемикӣ ва назорати қатъии он аз ҷониби кормандони шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон маъракаи эмгузаронӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуда, ҳайати шахсӣ ба пуррагӣ аз он гузаштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии То ҷикистон хабар доданд.

Инчунин, ҳамарӯза кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, бо таъсиси гурӯҳҳо дар терминалҳои мусофиркашонӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, мардумро ба пӯшидани ниқоб, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват менамоянд, зеро таъмини солимӣ кафолати сиҳатии оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон паҳн гардидани бемории сирятии COVID-19 ба аҳолии дунё мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Дар ин асно масъалаи ҳифзи солимии мардум, дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад. Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гузаронидани маъракаҳои эмгузаронӣ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар миқёси ҷумҳуриямон идома доранд.

Бояд донист, ки воя (ваксина) барои гирифтор нашудани беморӣ ва ҷилавгирӣ аз фавт пешбинӣ шуда, баҳри солимии аҳолӣ ва боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доштани муқобилиятнокии бадан бар зидди ин вабои аср, яъне CОVID-19 мебошад.

    

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE