Иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорат дар роҳпаймоӣ ба хотири 30 – солагии Истиқлол

Имсол дар кишварамон ҷашни бузурги 30 солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад. Ба ин муносибат, дар сартосари мамлакат тамрини донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар роҳпаймоии умумиҷашнӣ оғоз гардидааст.

Имрӯзҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳамаи самту соҳаҳои хоҷагии халқ ва хонандагону донишҷӯён ба хотири иштирок дар роҳпаймоӣ дар ин ҷашни бузург сафарбар шудаанд. Дар баробари кормандони касбу кори гуногун донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тамринҳо ҳамарӯа ширкат меварзанд. Муовини ректори донишгоҳи мазкур, ки мутасаддии бевоситаи баргузории ин чорабинӣ ва масъули иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидов Саидмаҳмуд гуфт, донишҷӯёне, ки дар ин маъракаи идона ширкат мекунанд, аз имтиёзҳои хос бархӯрдор буда аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дастгирӣ меёбанд.

Муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иброз дошт, дар баробари дигар имтиёзҳо, ба донишҷӯёне, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд, аз тарафи донишгоҳ онҳоро бо хобгоҳ бе супоридани маблағ таъмин менамоянд. Айни ҳол, зиёда аз 500 донишҷӯёни ин донишгоҳ барои иштирок дар чорабинии мазкур ҷалб гардидаанд.

“Дар асоси Амри Президенти кишвар донишҷӯёне, ки дар роҳпаймоии идона иштирок мекунанд, ҳатман ваксина мегиранд. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҳамаи донишҷӯёну омӯӯзгорон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар роҳпаймоӣ иштирок мекунанд, ба таври ихтиёрӣ эм карда шудаанд”, – гуфт дар идома муовини ректори донишгоҳи мазкур Саидмаҳмуд Саидов.

Зулайхо САФАРОВА,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE