Насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон шиорҳои тарғиботии марбут ба ҳифзи муҳити зист ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» насб гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мақсад аз насби шиорҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист тарғиби ҳадафҳои рушди устувори экологӣ баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ дар саросари ҷумҳурӣ на танҳо намои шаҳру навоҳии мамлакатро зеботар менамояд, балки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ҳифзу нигоҳдории муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Дар ояндаи наздик насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда мешавад.