Душанбе: Ҳамоиш оид ба ҷанбаъҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғул буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятноки кишвар нақши муассир мегузоранд. Агар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар беш аз 600 нафар бонувон ба соҳибкорӣ машғул буданд, имрӯз теъдоди онҳо марзи 78 ҳазор нафарро убур менамояд, ки ин омор бозгӯи фароҳам овардани шароиту имконоти муносиб барои бонувон дар самти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.

Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки имрӯз дар мавзӯи «Ҷанбаъҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон дар таҷрибаи байналмилалӣ» бо иштироки роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, коршиносон ва шарикони рушд дар Душанбе доир гардид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ дар Осиёи Марказӣ- «Занҳо дар тиҷорат» аз созмондиҳандагони ҳамоиш буданд. Баррасии таҷрибаи пешқадам ва стандарти байналмилалӣ ҷиҳати муайян намудани соҳибкории бонувон, усулҳои роҳандозию муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи шаклҳои татбиқи ташаббуси мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории бонувон аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш маҳсуб меёфт.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир зикр намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки тавассути онҳо мавқеи занони кишвар, хусусан занони соҳибкор баланд бардошта шуд.

Хуршедаи Қодир афзуд, ки чанде қабл бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо, Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содир гардид, ки тибқи он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад. Ин ташаббуси наҷибонаи Сарвари давлат ба соҳибкорон, хусусан бонувони соҳибкор имкон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкории худро тавсеа бахшида, дар самти рушди иқтисоди миллӣ дар шароити кунунии буҳрони ҷаҳонии молиявӣ саҳми бориз гузоранд.

Дар ҳамоиш инчунин муовини якуми Вазири адлияи ҷумҳурӣ Нигина Ализода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нигорахон Ғаффорзода, муовини якуми директори Агентии омори нази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, ҳамоҳангсози минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Дилдора Тоҷибоева ва намояндагони дигар вазорату иораҳои мамлакат ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки дар ҳошияи дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар баробари дигар бонувони соҳаи сиёсат, иқтисоду фарҳанг дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузошта, бо фаъолияти пурсамари худ мавқеи намоён касб намудаанд. Қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ки боби чоруми санади мазкур ба унвони «дастгирии рушди соҳибкории занон» мебошад, кафолати боз ҳам рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нигорахон Ғаффорзода гуфт, ки бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани занону бонувон аз соли 2006 то инҷониб аз сӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои Президентӣ таъсис дода шуда, ҳамасола шумораи зиёди занони деҳот дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳунармандӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулбурӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кулолгарӣ ва ғайра аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти Президентӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.

Алҳол дар кишвар беш аз 38 ҳазор нафар бонувон хоҷагиҳои деҳқониро дар саросари кишвар сарварӣ намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши босазо мегузоранд. Дар баробари ин, занону бонувони чирадаст дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми шоиста дошта, армуғонҳои нодири ватаниро барои меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат омода ва пешниҳод менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ки 16 марти соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯро дар ҳамкорӣ бо намояндагони вазорату идораҳои марбута супориш оид ба таҳияи лоиҳаи Брномаи рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 буд, ки таҳияи сандаи мазкур боз як иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувону духтарон оид ба рушди фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки нақш ва мавқеи занони соҳибкор дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва таъмини иштироки боз ҳам фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ҷараёни ҳамоиш таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ доир ба муайянсозии мафҳуми соҳибкории бонувон, меъёрҳои стандартӣ барои муқаррар намудани соҳибкории бонувон, инчунин таҳлили муносибатҳо оид ба ҷорӣ намудани шакли якхелаи соҳибкории бонувон муаррифӣ гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE