Зарари ширинӣ ба бонувон
Олимони амрикоӣ сабаби ба бемории саратон гирифтор шудани бонувонро дар ширинихӯрӣ медонанд Зане нест, ки аз хӯрдани шоколад, конфет, қандинаву кулчақандҳои ширин, пончику булочкаҳо худдорӣ карда тавонад. Баъзан одати ширинихӯрии бонувон ба беморӣ мубаддал мегардад, зеро ҳама чиз андоза дорад ва ширинхӯрии аз ҳад зиёд дар баробари фарсуда сохтани дандон ва вазни зиёдатӣ боз ба саломатӣ зарари зиёд мерасонад.
Шириниҳо дорои карбогидратҳое мебошанд, ки кори ҷисмро дуруст ба роҳ мемонанд. Ҳуҷайраҳои ҷисми мо аз ҳамин карбогидратҳо нерӯ мегиранд. Ширинӣ ҳормони хушбахтии серотонинро меафзояд, вале вақте ширинихӯрӣ ба ҳирс мубаддал мегардад, дар саломатии инсон ҳар хел мушкилӣ сар мезананд. Бонувоне, ки ҳеҷ гоҳ аз хӯрдани пораи торт ё шоколад худдорӣ карда наметавонанд, аксаран аз бемории кандидози узвҳои ҷинсӣ азият мекашанд.
Олимони олмонӣ зарар ва фоидаи шириниро санҷида, ба хулосае омаданд, ки глюкоза умри инсонро ба ҳисоби миёна 25% кӯтоҳтар месозад. Баъдтар хулосаи олимони олмониро муҳаққиқон аз донишгоҳи Калифорния низ тарафдорӣ намуданд. Боз як хатаре, ки аз ширинӣ ба зан мерасад, ин пайдо шудани аллергия мебошад. Бонувони азиз, акнун шумо то кадом андоза зарар доштани шириниро фаҳмидед.
Кӯшиш намоед, ки минбаъд дар истеъмоли он аз ҳад нагузаронед. Ҳама чиз меъёр дорад, андозаро нигоҳ доред, ҳеҷ гоҳ бемор намешавед.
Зулайхо САФАРОВА,
“Садои Душанбе”