Раддияи ВКХ: Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиат хабарҳо дар бораи вуруди Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба давлати сеюмро рад кард.

Дар баёнияи Вазорат гуфта мешавад, ки “ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар қаламрави кишвар фуруд наомадааст. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст”. Агентии иттилоотии “Ховар” бошад, бо такя ба ВКХ навиштааст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад.

Бояд гуфт, ки баъд аз ба дасти Толибон* гузаштани пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – шаҳри Кобул хабаргузории “Азия-плюс” бо такя ба маълумоти корманди дастгоҳи ҳукумати ҶИА Саҷҷод Нуристонӣ хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, ба Тоҷикистон рафтааст. Вале, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ гуна тайёраи ширкати Kam Air – и Афғонистон дар ин фурудгоҳ нанишаста, ҳеҷ парвозе ҳам аз Душанбе ба Истамбулу Туркия набуд.

АМИТ “Ховар” менависад, ки “Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангиён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд. Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.”

*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

http://radiotoj.tj/

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE