Замир Кобулов: Русия барои эътирофи низоми Толибон дар Афғонистон шитоб нахоҳад кард

Мақомоти Русия ба эътирофи низоми Толибон (ҳаракати “Толибон”; террористӣ эътирофшуда ва дар Федератсияи Русия мамнӯъ) дар Афғонистон шитоб нахоҳад кард. Дар ин бора ба ТАСС намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кобулов (ДАР АКС) хабар дод. 

«Дар мавриди эътироф мо ба ҳеҷ куҷо шитоб намекунем. Мо мебинем, ки низом чӣ гуна рафтор хоҳад кард ”-гуфт ҷаноби Кобулов. Вай ҳамчунин иброз намуд, ки интизор дорад миёни Москва ва раҳбарияти нави ин кишвар муносибатҳои дӯстона барқарор шаванд.»Ман на танҳо умедворам, ман боварӣ дорам. Бо такя ба маводи  солҳои охир ҷамъшуда, тавре ки мегӯянд, муносибатҳоро такмил хоҳем дод ”-гуфт Замир Кобулов.

Ба гуфтаи ӯ, сафири Русия дар Кобул рӯзи душанбе бо намояндаи “Толибон” мулоқот хоҳад кард.

Субҳ гурӯҳи ҳаракати “Толибон” (дар Федератсияи Русия террористӣ эътироф ва мамнӯъшуда) вориди Кобул шуд, аммо ба он ҳуҷум накард. Ба ҷои ин, Толибон музокиротро бо мақомоти Афғонистон оғоз карданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба истеъфо розӣ шуд.

Сафорати Русия дар Кобул ба «Коммерсант» гуфтааст, ки тибқи маълумоти онҳо, президент Ғанӣ аз қаср фирор кардааст ва макони будубошаш маълум нест. Сафорат ҳамчунин хабар дод, ки Москва омода аст бо ҳукумати давраи гузариш дар Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE