Криштиану Роналду дастаи Ювентусро тарк мекунад?

Хорхе Мендеш – агенти ҳамлагари 36-солаи мунтахаби Португалия ва бошгоҳи “Ювентус”-и шаҳри Турин Криштиану Роналду бо роҳбарияти дастаи “Манчестер сити” пешниҳоди интиқол кардааст. Дар ин бора Football Italia такя ба Corriere dello Sport хабар медиҳад. Дастаи “Ювентус” омода аст, ки бо маблағи 30 миллион евро аз Роналдо ҷудо шавад. Сабаб ин аст, ки шартномаи ӯ бо бошгоҳ дар муҳлати як сол ба итмом мерасад. Агар ин равзанаи эҳтимолӣ  иҷро шавад, бошгоҳи туринӣ дар ин мавсим аз сабаби шартномаи ҳамлагари португалӣ зиён нахоҳад дид.

Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2018 дар дастаи “Ювентус” бозӣ мекунад.  Ҳамлагари 36-солаи португалӣ дар мавсими гузашта, бо ба самар расонидани 29 гол  нишонзани беҳтарини  чемпионати Италия гардида буд. Шартномаи феълии Роналдо бо бошгоҳи туринӣ  то 30 июни соли 2022 амал мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE