Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Вена иштирок дорад

3 июл дар шаҳри Венаи Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ҷаласаи техникӣ оид ба системаҳои мониторинг ва назорати рақамии реакторҳои тадқиқотӣ ба кор оғоз намуд. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисони ҷавони мамлакатҳои узви Агентии байналмилалии неруи атомӣ, аз ҷумла намояндаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок дорад.

Тавре дар Институти физикаю техника хабар доданд, ҷаласа то 6 июл идома ёфта, мақсади он пеш аз ҳама баланд баровардани сатҳи маҳорати иштирокчиёни ҷавони чорабинӣ дар соҳаи рақамикунонии системаҳои назорат ва идоракунии технологияҳои реакторӣ, инчунин табодули таҷриба оид ба ҷанбаҳои техникӣ ва идоракунии тадқиқот, лоиҳаҳои реакторҳо (ҳам бо модернизатсия ва ҳам тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти дахлдор), ки ба системаҳои рақамӣ ва идоракунӣ алоқаманданд, мебошад.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Фарҳод Шокир иброз дошт, ки «дар муҳити рақобати имрӯза рақамисозӣ барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани равандҳои илмӣ-истеҳсолӣ муҳим шудааст. Ин ба ташкилотҳо, аз ҷумла ба институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон медиҳад, ки ба шароити зудтағйирёбанда ва эҳтиёҷоти истеҳсолот мутобиқ шаванд, равандҳои худро барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии меҳнат мутобиқ намоянд».

Бояд гуфт, ки дар институти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо марҳила ба марҳила корҳои барқарорсозии реактори таҳқиқотӣ бо мақсади истеҳсоли маводи радиофарматсевтӣ барои ташхиси бемориҳои онкологӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқот ва кори таҷрибавӣ оид ба таҳлили нейтронӣ-активатсионӣ идома доранд.

Дар баробари ин, якҷо бо ҳалли техникӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавони илмии ватанӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ низ яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии раванди омода намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси физикони ҷавон мунтазам тадбирҳо меандешад.

Бояд гуфт, ки Агентии байналмилалии нуруи атомӣ созмони байналмиллалӣ буда, тибқи қарори Созмони Миллали Муттаҳид аз 4 декабри соли 1954 таъсис ёфта, ҷузъи низоми ин Созмон буда, салоҳияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомиро амалӣ менамояд.

Бо ин мақсад дар агентӣ мунтазам вохӯриҳои техникӣ, конфронсҳо ва машваратҳои илмӣ бо иштироки мутахассисони ҷавони даъватшуда аз давлатҳои узви Агентии мазкур гузаронида мешавад.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE