Гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳайко Маас

21 августи соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҳайко Маас гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд. Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад.

Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳамияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир зикр намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ оид ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ гуфтугӯ карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE