Дар Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ҷараён дорад
Баҳри истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ ба нақша гирифта шуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаю таҷҳизот ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастрас карда шудааст.
Дар ин бора сармеъмори ноҳия Фирдавс Зарифов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ҳоло 85%-и корҳои сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин самт кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ таъмири асосию ҷорӣ ва барқарорсозии роҳҳои мошингардро идома дода истодаанд.
Ба гуфти сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Бобоёр Бобоёрзода, кормандони муассиса ба корҳои таъмири ҷорӣ сафарбар ва техникаҳо ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ равона гардидаанд. Масъулин нақша доранд роҳҳои ҷамоати Чиллухтарон, роҳҳои марказӣ ва дигар роҳҳои таъмирталабро аз таъмир бароранд.