Душанбе: Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон»
27 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ сурат мегирад.
Дар назар аст, ки дар кори Форум роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъол иштирок намоянд.
Ҳадаф аз баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар мардуми олам ва имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки имсол дар давраи раиси мақоми ваколатдори соҳа дар Шӯрои ҷавонони СҲШ ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳо барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз қабили баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бо ҳам месозем», Фестивали байналмилалии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд.