Дар дараи Ромит бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саёҳати оммавии кӯҳгардӣ доир гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 21-22 август бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи зебоманзари сайёҳии дараи Ромит саёҳати оммавии кӯҳгардӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар”бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе.

Саёҳати мазкур бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳгардӣ, табобативу солимгардонӣ ва экологию варзишӣ доир карда шуд.

Дар саёҳати оммавии кӯҳгардӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, устодони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ, блогерон, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар қисмати аввали 21 август ба иштирокчиёни саёҳат тибқи барномаи тасдиқгардида аз ҷониби мутахассисон тартиби сайру гашт дар шароити кӯҳсор фаҳмонида шуда, техникаи бехатарӣ дар шароити кӯҳ ва таҷҳизоти саёҳат намоиш дода шуд. Ҳамзамон дар нимаи дуюми рӯз иштирокчиён дар хатсайри Арху ба масофаи 4 километр ба саёҳати кӯҳгардӣ машғул гардиданд. Инчунин дар ҷараёни баргузории он барои иштирокчиён бозиҳои гуногуни шавқовари зеҳнию варзишӣ, аз қабили шашка, шоҳмот, футбол ва ғайра ташкил шуданд.

Дар қисмати расмии саёҳати кӯҳгардӣ дар кӯҳҳои Арху муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода расман хатсайри нави сайёҳии “Душанбе-Ромит-Арху”-ро муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид, ки 93 фисади Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва имрӯз мақсади аксари сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, шиносоӣ бо табиати зебо, нотакрор ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ватани мо мебошад. Аз иштирокчиёни саёҳат, бахусус ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имконияти сайёҳии кишвар саҳм гузоранд ва хатсайри нави сайёҳиро дар барномаҳои худ ҷойгир намуда, меҳмонони дохилию хориҷиро ба хатсайри мазкур сафарбар намоянд.

Минбаъд низ чунин саёҳатҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста баргузор карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE