Душанбе: Рӯнамои «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» баргузор шуд
Дирӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ-шарикони рушд муаррифии «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (USAID ACAT) ва Маркази тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон (ITC) таҳия шудааст. Маълумоте, ки дар Роҳнамои тиҷоратии мазкур ҷойгир шудааст, аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ин маводи иттилоотӣ барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ ва дохилӣ пешбинӣ гардида, бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки маводи ҷамъовардашуда фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории кишварро инъикос намуда, ба сармоягузорон ва соҳибкорон имкон медиҳанд, то бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ, заминаи қонунгузорӣ, имкониятҳо ва имтиёзҳои дар Тоҷикистон фароҳам гардида шинос шаванд.
Маълумоти мукаммал доир ба соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, бонк ва молия, маориф ва сайёҳи, аз ҷумла маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ, ки вазъи соҳаҳоро нишон медиҳанд, инчунин, рӯйхати ташкилотҳо бо маълумоти тамосӣ, маълумот дар бораи ширкатҳои содироткунанда ва воридоткунанда ҷойгир карда шуданд.
Ҳамзамон, маълумоти муфассал дар бораи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳои ҷумҳурӣ дар бахши «ХАРИТА» оварда шудааст. Дар бахши мазкур маълумот оид ба иқтидори иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, анъанаҳои таърихию фарҳангии минтақаҳо низ ҷойгир гардидаанд.
Дар рӯнамоии мазкур зикр гардид, ки вижагии «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» дар он аст, ки тамоми маводҳои ҷамъовардашуда вазъи иқтисод, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва хизматрасониро пурра дар бар гирифта, имконоти рушди минбаъдаи кишварро инъикос мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ин маводи мазкур барои истифода хело қулай мебошад, зеро тамоми маълумоти зарурӣ ва муфид барои сармоягузор дар якҷо ҷамъ оварда шудааст.
Мавод инчунин дар сомонаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон www.tpp.tj дастрас буда, маълумоти дар он овардашуда мунтазам такмил меёбанд.
Бояд тазаккур дод, ки «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» дар шакли флеш-корт ба таври муосир ба нашр расида, ҳангоми баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла бизнес-форумҳо барои паҳн кардани маълумот дар бораи Тоҷикистон истифода мегардад.