Сарвари давлат Корхонаи истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Эскимо Мастер»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
28 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолот дар он аз наздик шинос шуданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Русия ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки самти асосии фаъолияти корхона асосан ба истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол қариб 500 тонна маҳсулот мебошад. Корхонаи навтаъсис дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 0,5 гектар қомат афрохта, аз бинои истеҳсолии дуошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардиданд.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани боз як корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхона маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хом барои коркард ва бандубасти истеҳсолот ба “Эскимо Мастер” аз корхонаҳои ватанӣ дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаи дутарафа харидорӣ ва дастрас мегардад ва қабл аз коркард дар озмоишгоҳи корхона мавриди ташхис қарор дода мешавад.
Раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муосири саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд зери тамғаи «Эскимо М» пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад. Маҳсулоти корхона дар асоси ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ дар марҳилаи аввали фаъолият ба бозори истеъмолӣ бароварда шуда, бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ маҳсулоти босифати ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя низ бо дарназардошти шароити банду баст ва интиқол содирот карда хоҳад шуд.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз лиҳози тамъу сифат бартарии зиёд дорад. Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, аз ҷумла яхмосу кулчақандҳо се яхдони гуногунҳаҷм мавҷуд буда, кормандон бо либоси ягона ва хӯроки серғизои нисфирӯзӣ таъмин мебошанд.
Дар корхона баробари биноҳои истеҳсолию маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон инчунин ошхонаи барҳаво сохта шудааст. Бо мақсади интиқол додани маҳсулоти тайёр ба нуқтаву марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар корхона нақлиёти махсус мавҷуд аст. Тавассути нақлиёти мазкур маҳсулот беосеб ва бо сифат ба бозори истеъмолӣ бароварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва суҳбати самимӣ бо кормандону масъулони корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри корхона дидан намуданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 20 номгӯй яхмос ва 10 навъи маҳсулоти қаннодӣ, ки дар корхона мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол ва бастабандӣ мегардад, муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат зимни боздид аз истеҳсолоти тайёри корхона барои истифодаи боз ҳам пурраи имконоту иқтидори мавҷуда дар мамлакат ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбарияти корхона ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар фурсатҳои наздик бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандонро бештар ва содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар ба роҳ мемонанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи муосири саноатиро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва саҳми босазо дар пешрафту шукуфоии мамлакат арзёбӣ карда, масъулонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар кишвар вазифадор карданд.