Огоҳӣ! Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии сатҳи об ва ба амал омадани сел дар назар аст

Рӯзҳои 25-28 июли соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Зарфшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар буда, инчунин рӯзҳои 25-27 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад

Рӯзҳои 28-29 июл дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТҶ, ш.Душанбе ва баъзе ноҳияҳои ВМКБ бо сабаби омилҳои метеорологӣ – чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) аз эҳтимол дур нест.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE