Мулоқоти муштараки Тоҷикистон, Туркманистон ва Австрия
30 август мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода намояндагӣ кард. Дар он нишаст ҳамчунин намояндагони воломақоми ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Юнон ва Подшоҳии Дания низ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.