Манъи пахши мусиқӣ ва садои занон дар расонаҳои Қандаҳор
Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллии Афғонистон, гурӯҳи Толибон* бо пахши як баёния ба телевизион ва радио дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар талаб кардааст, ки дигар мусиқӣ ва садои овозхонҳои зан дар расонаҳо пахш нашаванд.
Вазорати иттилоот ва фарҳанги вилояти Қандаҳор рӯзи якшанбеи 29 август тасдиқ кард, ки Толибон тибқи як фармони нав мусиқӣ ва ҳатто барномаҳои занонро манъ кардаанд. Қаблан сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба “New York Times” гуфта буд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ба ҷои фишор овардан ба шаҳрвандон онҳоро водор хоҳад кард, то аз мусиқӣ даст кашанд.
Дар ҳамин ҳол, аъзои Толибон* рӯзи шанбе (28 август) дар ноҳияи Андроби вилояти Бағлон ҳунарманди маҳаллӣ Фавад Андарабиро паррондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аввал аз ҷониби ҷангиёни “Толибон”* асир гирифта, сипас ба қатл расонида шудааст. Ҳамчунин “Толибон”* чанде пеш яке аз ҳаҷвнигорони вилоят Хоша Ҷавонро пас аз тасарруфи шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба қатл расонданд, ки вокунишҳои густардаеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард.
Маҳдуд кардани пахши расонаҳо дар вилояти Қандаҳор бори дигар хотирахои солҳои 1996 то 2001 -ро барои шаҳрвандони Афғонистон зинда кард. Он замон Толибон* занонро аз гӯш кардани мусиқӣ ва кор манъ карда буданд.
*Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон