Душанбе: Таҷлили Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз

Субҳи имрӯз, 5 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами  шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии мамлакат ва иштироки кишоварзони ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Намоишгоҳи мазкурро сардори Раёсати кишоварзи ва ҳифзи мухити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмин намудани  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ, тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст. «Яке  аз  мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва  мубодилаи  таҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад. Дар мамлакат соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст»,- зикр намуд ӯ.

Зикр шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши каду, ангур, харбуза ва тарбуз ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуда, имконияти хубест барои боз ҳам беҳтар парвариш кардани чунин маҳсулоти полезӣ дар мамлакат. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар  таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.

Тавре намояндаи Вазорати кишоварзии мамлакат дар суҳбат иброз намуд, кишоварзони мамлакат  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 27 август ба миқдори 22 110 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд. Дар вилояти Хатлон то имрӯз 13 584 тонна ангур, вилояти Суғд- 2148 тонна ангур ва дар НТҶ ба миқдори 6378 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Инчунин аз ҷониби кишоварзони мамлакат то санаи зикргардида дар майдони 190 90,9 гектар кишти полезӣ гузаронида шуда, 16530 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377 гектар зиёд мебошад. Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва НТҶ ба миқдори 5873 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони  вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни каду, ангур, харбузаю тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора»,  навъҳои каду гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду, инчунин аз ангур  шарбат ва тарзи хушкшудаи он,  зиёда навъҳои  «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед»,  «чиллагӣ»,  «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» писанд омад ва онҳо имкон доштанд  ин намуди маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд. Кишоварзон дар баробари пешниҳоди навъҳои гуногуни ангур дастурхони  бо меваи ангур  маҳсулоти аз он омодашуда  ороста,  ба тамошо гузоштанд.

Ҳамзамон дар ин рӯз гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид,  ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши каду, ангур, харбузаю тарбуз ва манфиатҳои он, инчунин аз ин намуди полезиҳо чӣ гуна омода намудани мураббо, хушку захиракунии ин маҳсулот ва фоидабахшии донаи он маслиҳату тавсияҳо медоданд. Инчунин зимни намоиши мазкур ба иштирокдорон варақаҳои тавсиявӣ тақдим мегардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE