Кишварҳои СААД оид ба Афғонистон изҳорот имзо намуданд

Дар машварати мақомоти кишварҳои СААД оид ба вазъи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карда шуд, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон.

Вай зикр дошт, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон чанд санад ба имзо расид. Аз ҷумла, намояндагони созмонҳои СААД ба баёнияи муштарак «Дар бораи вазъи Афғонистон» имзо гузоштанд.

Ҳамчунин изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми киберҷиноятӣ, инчунин талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо тасдиқ карда шуданд.

Маълум гардид, ки котибони шӯроҳои амнияти СААД тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ таъсис диҳанд. Намояндагони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати зарурат Созмон омода аст дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ расонад.

Ҳамчунин муайян аст, ки дар нишасти 16 сентябр дар Душанбе ҷонибҳо дар бораи муҷаҳҳаз сохтани неруҳои дастҷамъӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир созишнома ба имзо мерасонанд. Неруҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон машқҳои омӯзишӣ мегузаронанд, то дар сурати ворид шудани ҷангҷӯёни эҳтимолӣ амалиёт анҷом диҳанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE