Дабири кулли СҲШ ба Душанбе омад
Имрӯз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.