Данғара: Пешвои миллат бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифро ба истифода доданд
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст мавҷуд мебошад. Китобхона бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин буда, дар он барои ҳаводорони каломи бадеъ имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъмин карда шудааст. Сохтмони бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф баҳои баланд доданд. Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.