Озмуни ҷойҳои кории холӣ дарр ВКХ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорат озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 4 марти соли 2022 ба Вазорат равон кунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон:

  • атташеи шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми бахши иттилооти махсуси раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи Осиёи Марказии раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи дастгоҳи марказии раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи кишварҳои Осиёи раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи Осиёи Марказии раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 1 ҷой;
  • котиби дуюми раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи Созмони Милали Муттаҳиди раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи масъалаҳои умумиҳуқуқии раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО – 1 ҷой;
  • котиби якуми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби якуми шуъбаи кишварҳои Осиёи раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – 1 ҷой;
  • котиби якуми шуъбаи иттилоот, нашрияҳои чопӣ ва электронии раёсати иттилоот ва матбуот – 1 ҷой;
  • котиби якуми раёсати корҳо – 1 ҷой;
  • мушовири раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • мушовири раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупои раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи иттилоотӣ умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
  • муовини сардори раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • муовини сардори раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1380 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1519 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби якум ва мушовир  – 1847,60 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби муовини сардори раёсат – 2258,80 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

—  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мушовир ва котиби якум:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

—  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

—  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм ва атташе:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
  • донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
  • маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;

Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ:

— талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

— талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюм ва котиби сеюми раёсати кадрҳо — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ;

—  талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюми раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

— талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюм ва котиби сеюми раёсати молиявӣ — таҳсилоти олии молиявӣ.

Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон:

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии  кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
  3. Тарҷумаи ҳол (Word);
  4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
  5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳнома (сертификат) аз забони хориҷӣ.

Эзоҳ: Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд  ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд  ба озмун роҳ дода намешаванд. Ҳуҷҷатҳо то 4 марти 2022 қабул карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE