Хоруғ: Иштироки Сарвари давлат дар маросими баҳрабардории хати оби ошомиданӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Татбиқи лоиҳаи навсозии хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшо моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд. Дар доираи амалишавии лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми корҳоро барои дастрасӣ пайдо намудани мардум аз оби тоза муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд таъмин гардида, қариб  3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст.

Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Давоми солҳои охир дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва маблағгузории маҳаллӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд. Айни замон низ тадбирҳо ҷиҳати бо оби ошомиданӣ таъмин намудани мардум идома дорад ва ҳамагон оянда аз имконоти беҳтари хизматрасонӣ дар ин самт баҳравар мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE