Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳияи Мӯъминобод
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аҳли фарҳанг Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол гирифта, барои чунин ҳадяи арзишманд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфта, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, барои истироҳату фароғати сокинон имконияти зарурӣ фароҳам шуда, дохили иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.
Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ бештар аз 800 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳамчунин дохили боғ пурра майсазор гардонида шудааст. Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудааст.
Дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Мӯъминобод ҳамчунин 2 суҳбаткадаи калон ва 8 суҳбаткадаи хурд, ки шаклу намои хеле зебо доранд, бунёд ёфта, барои дилхушии атфол чархофалак ва дигар василаи бозиву фароғати кӯдакона насб шудааст. Аз ҷумла, як майдони алоҳидаи кӯдакона мувофиқ ба меъёрҳои ҷорӣ ташкил гардида, шаҳрвандону меҳмонон ҳамзамон метавонанд аз 95 нишастгоҳ, ки дар саросари боғ васл гардидааст, барои истироҳати худ истифода баранд.
Барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ, дар дохили боғ як амфитетари замонавӣ, ки бо нишастгоҳҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бунёд ёфтааст.
Дар ҳудуди иншоот ҳамчунин барои дӯстдорони варзиш майдончаи муосири варзишӣ ҷойгир мебошад, ки дар он шароитҳои зарурии баргузор кардани машғулияту тамринҳо фароҳам мебошад. Ҳудуди иншооот бо 3 фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хос бунёд ёфтааст, зинат дода шуда, сокинону меҳмонони ноҳия метавонанд дар чунин фазои зебо истироҳату фароғати худро гузаронанд.
Дар шомгоҳон намои Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ хеле зебо мешавад, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ҳудуди иншоотро равшан нигоҳ медоранд.
Бо бунёди боғ, барои сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мӯъминобод имконияти мусоид фароҳам гашт.
Гирду атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Мӯъминобод дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳамчунин ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар ҳудуди ноҳия сохтмони даҳҳо иншооти дигар идома дорад.