Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва оғоз бахшидан ба бунёди иншооти дигар бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ҳадафи сафари имрӯзаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Вахш маънидод карда, ба сокинон барои истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 708 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 183 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 338 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ҳоло амалисозии 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии инфрасохтори шабакаҳои барқии ноҳия ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол аз ин ҳисоб 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар ноҳияи Вахш барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 215 иншоот ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Барои татбиқи нақшаҳои дар пешгузошта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахшро вазифадор карданд, ки корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, дар ин раванд ба сифати корҳои сохтмон ва риояи санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда эътибори махсус зоҳир намоянд.
Таъкид гардид, ки Вахш ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.
Ҳоло дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо 75 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 101 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
Вобаста ба рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои қабулшудаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус, дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намуда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Дар ҳафт моҳи соли 2020 кишоварзони ноҳия ба маблағи 495 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.
Пахта яке аз зироатҳои асосии соҳаи растанипарварии ноҳия ба ҳисоб рафта, кишти он соли ҷорӣ дар майдони 9600 гектар анҷом дода шудааст, ки ба 100 фоизи дурнамои кишт баробар мебошад.
Кишоварзони ноҳия дар ин давра дар 7500 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулонро вазифадор карданд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи самараноки тухмиҳои хушсифат ва замин, зиёд намудани кишти картошка ва майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории меваю сабзавот, бастубанд ва содироти он, инчунин, тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи маориф ҳамчун бахши муҳими ҷомеа Ҳукумати мамлакат дар давраи солҳои 1991-2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Вахш сохтмони 41 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагиро барои 8500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода додааст.
Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 105 табиб ва 774 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, барои тадриҷан бартараф намудани норасоии табибон ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 146 нафар, аз ҷумла 37 нафар духтарон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда истодаанд, ки 18 нафари онҳо бо квотаи Президентӣ донишҷӯ шудаанд.
Дар охири суханронӣ баъди таҳлили вазъи воқеии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки роҳбарони ноҳияи Вахш, соҳибкорони бонангу номус, шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматпешаи он чун ҳарвақта сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сисолагии истиқлол корҳои созандагиро вусъати тоза мебахшанд ва барои боз ҳам зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун Марҳабо Ҷумъаева – донишҷӯ, Худойдод Зарифов – донишҷӯ, собиқадорон Абдуқаюм Муминов ва Абдуҷалол Салимов баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити созгори кору зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.