Тоҷикдухтар барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид

Зодаи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва донишҷӯи Коллеҷи муттаҳидаи ҷаҳонӣ (United World College) дар Сингапур Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷоизаи «Духтарони Осиё» ҳамасола аз ҷониби Бунёди «Боғи умеди Сингапур» (Garden of Hope Foundation) ба занон ва духтарони фаъоли Осиё тақдим мешавад, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм мегузоранд.

Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳилаҳои интихобӣ ҳунарҳои нав омӯхта, инчунин аз фаъолияти нависандагияш дар Осиёси Марказӣ хабар додааст. Ӯ тасмим дорад, ки достонҳои навиштаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китоб нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки Бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайридавлатиест, ки  дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Зебо Фурқатзода хатмкардаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ҳамчунин  дар озмуни  «Хонандаи соли 2019» дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм  гардида буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE