Кӯлоб: ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон

Дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону»-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ҷамъомади  бошукӯҳи идона  баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади идона  сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шаҳло Раҳимова ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуда,  нахуст аз маҳсули дастовардҳои кӯдакони муассисаи зикршуда дидан намуда, ҳамаи онҳоро ба Рӯзи кӯдакон табрик карданд.

Масъулини  ТҶ «Заршедабону» иброз доштанд, ки фаъолияти муассиса дар доираи  қонунунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар назди он курсҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ барои наврасон ташкил шуда, тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ташкилот ба воситаи Маркази «Парасту» 30 нафар ва Маркази «Меҳрон» 47 нафар кӯдаконро ба воситаи 36 нафар кормандон хизмат расонида истодааст. Фаъолияти дигаре, ки ба воситаи дастгирии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст- ин ба касбомӯзи ҷалб кардани волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат мебошанд.

Волидайне, ки кӯдакони худро барои тавонбахшӣ ба муассисаи мазкур меоранд, худи онҳо ба касбҳои дӯзандагӣ, кадбонугӣ ва компютерӣ ҷалб мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE