Душанбе: Ҳамоиш оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, муовинону мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир карда шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни ҳамоиш оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон, татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуд. Ҳамзамон мавсуф аз иштирокдорони ҳамоиш тақозо намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани ин стратегия кӯшиш намоянд.