Б. Ғафуров: Сарвари давлат Кӯдакистони «Маҳзани илм»-ро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб — кӯдакистони «Маҳзани илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаб-кӯдакистон бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст.

Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хосса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кӯдакон пешбинӣ гаштааст. Дар муассисаи мактабӣ 40 нафар хонандагон ба машғулияти иловагӣ — омӯзиши амиқи забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, чинӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои ин имконияту шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои муассисаи мактабӣ дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст. Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва дар  раванди таълим истифода шудани адабиёти иловагӣ аз роҳу омилҳои босифати таълим ва омӯзиши забонҳо мебошад.

Дар шафати мактаб бинои кӯдакистон бунёд карда шудааст, ки он аз ду ошёна бо таҳҳона иборат буда, дар шаш гурӯҳ 120 нафар кӯдак тарбият мегиранд. Ҳамаи шаш гурӯҳ дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, гурӯҳҳо бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёният тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.

Дар таҳхонаи иншоот асосан толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой дода шудаанд. Муассиса ҳамзамон дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имконияти кӯдакистон аст. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ ва дигар машғулияти варзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон чор суҳбаткадаи мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гурӯҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро дода шудаанд. Дигар тадбири ободонӣ — сабзазоркуниву гулкорӣ дар ҳудуди муассиса мебошад. Тарбиятгирандагон чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кӯдакистонро дар маҳалу деҳот барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE