Чин 600 миллион ваксинаҳои зидди коронавирус истеҳсол мекунад
Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард. Дар ин бора зимни брифинг директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
«Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад»,- иброз намуд Чжен Чжунвэй.
Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии «дар хатти пеш» буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.
Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.