Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ соли 2017 оғоз ёфта, дар идомаи корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.
Зимни сохтмон ба масъалаи сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Бинои нав ҳамчунин бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ҳар як қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ иншооти мазкур аз шаш қисм иборат мебошад.
Иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” бо сифати баланд бунёд гардида, шаклу намои зебои иншоот ба ҳусни пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе зебогии дигар зам мекунад. Хусусан намои берунаи бинои истиқоматӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва тарҳи муосиру мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои истиқоматӣ ҳамчунин таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна, ки имконияти ғунҷоиши 285 нақлиётро дорад, бунёд ёфта, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили дастрасӣ ба системаи мутармарказонидашудаи гармидиҳӣ низ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасониву савдо ташкил гардидааст.
Гирду атрофи иншоот бо санъати баланд оро ёфта, дар он барои бозиву дилхушии кӯдакон майдончаи алоҳида, барои дӯстдорони варзиш майдони бозиҳои футболу баскетбол ташкил гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди бино барои машқу тамрини пагоҳирӯзӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ васлу насб гардидааст, ки аз он сокинон метавонанд истифода баранд. Дар назди бино ҳамчунин як фаввораи зебо ва нишастгоҳҳои замонавӣ дар хизмати сокинони он қарор дорад.
Хусусан саҳни иншоот шомгоҳон зебову дилрабо буда, майдонча, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон карда шудааст. Худи бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.
Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён, Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамовардашуда чораҳои зарурӣ андешида шавад, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, ҳамчунин солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
Дар бинои наву замонавӣ 72 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста ва шароити созгори хизмат, барои хизматчиён, афсарони Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароитҳои муосири кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқмоатӣ бо 591 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.