Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Донишро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт мебошад.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” буда, маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин муассисаи томактабӣ 118 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Лоиҳаи иншоот аз тарафи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пажӯҳишгоҳи илмӣ – лоиҳакашии “Пирамида”, бо ба инобат гирифтани мавқеи ҷойгиршавиаш ба таври ҷолибу афсонавӣ таҳия гардидааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти кӯдакон синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳаз шудааст.
Ҳар як ошёна барои 8 гурӯҳи кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст. Сохтмони бинои кӯдакистон дар майдони 10 436 метри мураббаъ сурат гирифтааст. Масоҳати умумии иншоот 12 000 метри мураббаъро ташкил дода, ҳар як ошёнаи он аз 2400 метри мураббаъ иборат мебошад.
Дар саҳни кӯдакистон фаввораҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии футбол, майдончаҳои бозии кӯдакон, соябонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, таваққуфгоҳи автомабилӣ бо сифати баланду ороиши муосири меъморӣ бунёд ёфтаанд.
Дар таҳхонаи иншоот ошпазхона, амбор, ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраҳои дастурушӯйи кӯдакон, ҳуҷраи шустушӯи либосу матоъҳо, ҳуҷраи дарзмолкунӣ, ҳуҷраи машваратӣ, ошхона, ҳуҷраҳои мураббиён, 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои ҳавзҳои шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникию муҳандисии бино ва ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино 8 гурӯҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар як гурӯҳ 25 нафари кӯдак рост меояд. Дар ҳар як гурӯҳ, синфхона барои дарсхонӣ, ҳуҷраи бозикунӣ, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи санитарӣ барои мураббиён ва хурдсолон, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ сохта шудааст.
Маркази дилхушии кӯдакон бо таҷҳизоти замонавӣ дар масоҳати 415 метри мураббаъ бошад, дар ошёнаи дуюми кӯдакистон сохта шуда, дорои муосиртарин шароит барои фароғати хурдсолон мебошад.
Толор барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳо бо 224 ҷой дар ошёнаи сеюми бинои муассиса бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи чоруми Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои кӯдакон синфхонаҳои дарсҳои иловагӣ, китобхонаҳо, ҳуҷраҳои компютерӣ ва дар қисмати дигари он толорҳои варзишӣ, гимнастика, таэквандо, акрабатика, толори расмкашӣ, мусиқӣ ва курсҳои иловагӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дар сохтмони иншоот 600 нафар бинокор ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият карданд.
Дар рафти сохтмон коргарон ба истифодаи маҳсулоти бехатари сохтмонӣ, насби таҷҳизоти муосиртарини огоҳкунанда аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ, инчунин иҷрои саривақтию босифати корҳо дар иншоот, истифодаи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла маҳсулоти ороишӣ ва таҷҳизоту васоили истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бо риояи талаботи шаҳрсозии муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.
Барои ободонии гирду атрофи Муассисаи томактабӣ низ корҳои мушаххас амалӣ шудааст. Дар иншооти нави замонавӣ барои таъмини бехатарӣ 300 адад таҷҳизоти огоҳкунӣ аз сухтор ва 210 камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст.
Барои ободу зебо гардонидани саҳн ва атрофи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” 1160 метри мураббаъ мумфарш, 2545 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпуш гардида, 300 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонида шудааст. Равшаннамоии иншоотро 49 адад фурӯзонак таъмин мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеъи кишвар муборакбод гуфтанд.
Лозим ба таъкид аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар ва инчунин беҳтар намудани омодагии томактабии кӯдакону наврасон, бо дарназардошти нишондодҳои Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки солҳои охир, дар раванди амалишавии сиёсати созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёди иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз авлавиятҳои хос бархӯрдор аст.
Дар давоми солҳои 2017 то 8 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 30 932 ҷой дар ду баст бунёд гардидааст.
Дар ин давра 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1010 нафар бунёду азнавсозӣ карда шудааст.
Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони 12 мактаб барои 13900 хонанда ва бунёди 5 муассисаи томактабӣ барои 1350 нафар оғоз шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Татбиқи амалии ҳамаи тадбирҳо дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт аз муосиртарин шароитҳои илму донишандӯзӣ бархурдор гарданд.