Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлия 5 – сола шуд
Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5- солагии таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш наздики 100 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, ташкилоти адвокатӣ иштирок намуданд.
“Дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз ҳуқуқҳои асосие мебошад, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст. «Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ аст ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад»,-изҳор дошт Музаффар Ашӯриён, вазири адлия.
Бояд гуфт, ки пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. «Хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам бамаврид аст»,- мегӯяд ӯ.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба сокинони 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд. Ҳамчунин дар ду вилоят- Суғд ва Хатлон аз ҷониби ҳимоятгарон ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа пешниҳод карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мақсади он ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад. Барои татбиқи Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Тоҷиддин САТТОРЗОДА
“Садои Душанбе”