Таъмир дар НБО-и «Норак» ва «Бойғозӣ»
Дар гидроагрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи неругоҳ, гидроагрегати №2 дар таъмири ҷорӣ қарор дорад. Ҳамчунин мувофиқи нақша рӯзҳои наздик дар баъзе гидроагрегатҳои дигари неругоҳ таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадсаидзода Маҳмадамин хабар дод.
Мутахассисони НБО-и «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша гузаронида истодаанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии НБО-и «Норак» Анвар Киромаддинов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сой сафедоб ва аз ҳавзи сой Лагерро иҷро намудаанд.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Тоҷиддин Зайниддинов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.
Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ 30 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ айни замон генератори дуюми неругоҳ дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.