Дар ДМТ Маҷмааи маишӣ-хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хобгоҳи №6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бинои дуошёнаи Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» ба фаъолият оғоз намуд.

Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.

Мавсума Муинӣ зикр кард, ки Маҷмааи маишии мазкур аз кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона ва ҳаммом бо буғхона иборат буда, барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, туҳфаи арзанда аст. Нуқтаҳои кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона, ҳаммом бо буғхона ва гӯшаи гиёҳҳои шифобахш, ки маҳсули Парки технологии донишгоҳ аст, дар шароити замонавӣ ба истифода дода шудаанд.

Зимни ифтитоҳи маҷмаа зикр шуд, ки дар партави иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон дар донишгоҳ бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Ҳамин тавр, дар робита ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи маҷмааи мазкур дар ошхонаи маҷмаа барои донишҷӯёни ятиму маъюб хони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE