Душанбе: Нархи роҳкирои воситаҳои нақлиёти мусофиркаш баланд шуд

Шурӯъ аз дирӯз  ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1 сомонию 80 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонию 50 дирам, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1 сомонию 50 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ, микроавтобусҳо 2 сомонию 50 дирам ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3  сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ дод шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тағйирёбии ҳаққи роҳкиро дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва  муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ, ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ тибқи фармоиши МДК  «Душанбенақлиётхадамотрасон» муққаррар гардидааст.

Мақсад аз  баланд намудани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ мебошад. Мувофиқи фармоиши нав арзиши тарофаҳои нимсола тибқи категорияҳо барои хонанда 220 сомонӣ, донишҷӯ- 300 сомонӣ ва шаҳрванд- 450 сомонӣ муқаррар гардидааст. Тарофаи солонаи хонанда 300 сомонӣ, донишҷӯ 520 сомонӣ ва шаҳрванд 750 сомонӣ муайян шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE